Манижа, ки доварони "Голос. Дети" дар шабакаи 1-и Русияро тасхир кард, кист? -видео

© Аксро Акбар Амин пешниҳод кардастМанижа Аминова, овозхони навраси тоҷик
Манижа  Аминова, овозхони навраси тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Аминова, навраси тоҷик аз вилояти Смоленск, ки ҳамроҳи Валерия Базикина дар барномаи охири “Голос”-и шабакаи 1-и телевизиони Русия доваронро тасхир кард, фарзанди омӯзгорони муҳоҷир аз ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Акбар Амин, омӯзгори забони олмонӣ дар деҳаи Вёшкии ноҳияи Уграи вилояти Смоленск мегӯяд, замоне духтараш Манижа 2 сол дошт, онҳо аз Тоҷикистон ба Смоленск кӯчиданд.

“Ман омӯзгори забони олмонӣ, ҳамсарам омӯзгори мусиқӣ дар мактаби деҳа кор мекунем. Манижа аз кӯдакӣ майли сурудхонӣ дошту аз синфи аввали мактаб дар озмунҳои ноҳиявӣ ширкат мекард. То имрӯзҳо дар озмунҳои зиёди Русия ва Белорусия иштирок кард”, - изҳор дошт Акбар Амин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Манижаи дигари тоҷик дар саҳнаи бузурги байналмилалӣ

Манижа бо Валерия дар “Голос.Дети” сурудҳо бо забони русӣ ва англисиро роҳат иҷро кард. Барномаи “Голос. Дети-7” дар шабакаи аввали телевизиони Русия 14 феврал оғоз гардида, рӯзи 21 феврал нашри дуюми барнома пешниҳоди тамошобинон шуд. Манижа ва Валерия бо иҷрои суруди “Трава у дома”-и гуруҳи “Земляне” доваронро тасхир намуданд. Овозхонҳои ҷавон аз ду ҳунарманди шинохтаи Русия, Валерий Миладзе ва Баста, ки хостори гирифтани онҳо ба тими худ шуданд, Бастаро интихоб намуданд. Навори ҳунарнамоии Манижа ва Валерияро тайи чанд соат дар Ютуб садҳо ҳазор нафар тамошо карда, даҳҳо ҳазор нафар писандидаанд.

Падари Манижа мегӯяд, духтараш баробари иҷрои сурудҳо бо забонҳои гуногун аз фарҳанги миллӣ низ канор намондааст ва сурудҳои тоҷикиро низ мехонад.

Манижаи наврас – намояндаи тоҷикон бо либосу сурудҳои миллӣ дар Русия-акс

Ба гуфтаи Акбар Амин, Манижа санъати шарқро меписандад ва тариқи телевизиони моҳворагӣ пайваста шабакаҳои тоҷикӣ ва эрониро пайгирӣ мекунад.

“Ҳар сол дар маркази вилоят шаҳри Смоленск таҷлили рӯзи аққаллиятҳои миллии Русия мегузарад ва Манижа он ҷо аз номи тоҷикон иштирок мекунаду бо либоси миллӣ суруди тоҷикӣ мехонад”, - изҳор дошт Акбар Амин.

Дар саҳифаи ӯ низ аксҳое нашр шудаанд, ки дар он Манижа бо либоси миллии тоҷикӣ миёни намояндагони миллатҳои дигар иштирок мекунад.

© акс аз саҳифаи фейсбукии Акбар АминМанижа Аминова бо либоси тоҷикӣ дар ҳамоиши ақаллиятҳои Русия
Манижа, ки доварони Голос. Дети дар шабакаи 1-и Русияро тасхир кард, кист? -видео - Sputnik Тоҷикистон
Манижа Аминова бо либоси тоҷикӣ дар ҳамоиши ақаллиятҳои Русия

Акбар Амин падари се духтар аст, ки мобайнӣ дар синфи 10-ум ва калонӣ дар Олмон таҳсил мекунад. Худи Акбар хатмкардаи бахши забони олмонӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад. Чун мутахассиси хуб, ки дар деҳа ба кор машғул шудааст,  осон шаҳрвандии Русияро гирифта, бо оилааш ба ин кишвар кӯчидааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар муҳоҷират низ ба ёди Ватан аст ва мувофиқи имкон аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Манижа, ки феълан 14 сол дорад, ба иттилои расонаҳои Русия аз 8-моҳагӣ ба гапзанӣ оғоз карда, дар яксолагӣ аллакай шеърхонӣ мекардааст. Бештар рок ва ҷазро дӯст медорад.

Лентаи хабарҳо
0