07:31 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
398420

Орзу Исо, рӯзноманигори тоҷик, дар барномаи “Ногуфтаҳо”-яш суҳбати Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони шинохтаи тоҷикро ироа намудаст, ки аз фоҷиаи хонаводагӣ, бемории вазнини модараш қисса мекунад

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Юсуфӣ гуфт, модараш соли гузашта як моҳи баъди боздид аз Хонаи Худо мубталои бемории фаромӯшхотирӣ шуду дар бемористон ташхис гузоштаанд, ки модар гирифтори бемории саратони ҷигар шудаст. Баъдан боз ташхис нишон додаст, ки модар гирифтори саратони рӯда низ ҳаст, вале худи бемор то ҳол намедонаду ҳанӯз ҳам суол мегузорад, ин чӣ беморӣ буд, ки ҳеч майли сиҳатшавӣ надорад.

“Сахт аст, вақте шаби дароз нола мекунаду аз дасти мо чизе намеояд. Бештари вақт ҳамроҳи ман аст”, - нақл кард овозхон дар ҳоле, ки аз аввал то охири мусоҳиба ашк мерехт.

Дар ин навор, ки ҳам суҳбаторо ва ҳам мусоҳиб мегирянд, Сарвиноз Юсуфӣ аз бузургию пуртоқатии модар мегӯяд, ки баъзан шабҳо хастагии фарзанди овозхонашро баъди маъракаҳо дида бедораш намекунад, то сӯзандоруи морфин гузаронад ва тоқа ба утоқи дигар гузашта аз дард ба худ мепечад. Ба нақли Сарвиноз, модар, ки баъди ҷудоӣ аз падари фарзандонаш онҳоро ба воя расонд, дарди ҷонсӯзи худро канор гузошта, имрӯз аз фарзанд узр мепурсад, ки музоҳим шуд.

Зимни ин суҳбат Сарвиноз Юсуфӣ инчунин аз ҷудошавии падару модараш ҳангоми сесолагии ӯ, хонадоршавии дубораи волидон, ба суроғи духтараш омадани падар дар калонсолӣ ва бархе ногуфтаҳои дигарро ироа мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ