22:41 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2595 0 0

Сарояндаи машҳури ҷавони тоҷик Мадина Ақназарова суруди нави худро таҳти унвони "Ту марав" сабт ва пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Мадина Ақназаров суруди тозаи худро таҳти унвони "Ту марав" дар шабакаи Youtube нашр кард.

Мадина дар бораи нашри суруди ҷадидаш дар саҳифааш дар Instagram хабар дода, миннатдории худро ба Муслим Қосимӣ изҳор доштааст.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

"Миннатдории худро ба устод Муслим Қосимӣ мерасонам, барои ин оҳанги дилнишин ” Ту марав” . Сурудро метавонед аз YouTube канали ман дастрас намоед", - навиштааст Мадина.

Суруди "Ту марав" рӯзи 6 март дар саҳифаи сароянда дар  Youtube нашр шуда, тоо имрӯз онро беш аз 10 ҳазор нафар гӯш карда ва беш аз 700 кас писандидааст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 15 феврал Мадина Ақназарова барои мухлисонаш дар шаҳри Маскав консерт баргузор кард.

Мадина Ақназарова тоҷикони Маскавро ба "по" хезонд - видеои консерт

Ӯ мухлисонашро бо сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешин шод кард. Мадина сурудҳои "Ай ёр ёр", "Ёри ман", "Шаб", "Ба армон рафтам", "Бирақсем", "Ҷону дилам", "Кори ту пайваста озор аст, гӯӣ нестаст", "Оре"ва ғайра-ро пешкаши мухлисонаш намуд.

Барчаспҳо:
нашри суруди нав, Мадина Ақназарова

Мавзӯъҳои асосӣ