Қатъ нашудааст: тамрини 11 ҳазор нафар, барои Иди Наврӯз дар Хуҷанд - акс

© © SputnikПодготовка к празднованию Навруза в Худжанде
Подготовка к празднованию Навруза в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони бахши эҷодии Ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Хуҷанд мегуянд, машқу тамрини онҳо қатъ нашудааст, балки бо ширкати 11 ҳазор донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаи мактабҳо беш аз як моҳ инҷониб ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги Суғд гуфт, Иди байналмиллалӣ ё худ Наврӯзи бузург дар Хуҷанд, имсол назар ба солҳои қаблӣ бо тафовут ҷашн гирифта мешавад.

Бахтиёр Қосимов афзуд, ба ҳисоби Корвони наврӯзӣ, ки чанд сол ба ин тараф аз вижагиҳои баргузории ин Ид дар кишвар ба ҳисоб меравад, имсол барои аввалин бор намоишномаи мукаммали театрикунонидашуда манзури сокинон гардонида мешавад, ки аз чанд қисм иборат аст.

© © SputnikПодготовка к празднованию Навруза в Худжанде
Қатъ нашудааст: тамрини 11 ҳазор нафар, барои Иди Наврӯз дар Хуҷанд  - акс - Sputnik Тоҷикистон
Подготовка к празднованию Навруза в Худжанде

Дар умум барои ин ҳама чорабиниҳои эҷодӣ дар таҷлили Иди Наврӯз дар Хуҷанд 11 ҳазор ба ҳисоби донишҷӯён, хонандаи мактабҳо ва сарояндаву навозандаҳо ҷалб шудаанд.

"Имсол аввалин бор дар чорабинии наврӯзӣ дар Тоҷикистон намоишномаи театрикунонидашуда бо Корвони наврӯзӣ пайваст карда шудааст. Ин як барномаи ҷадид барои Иди Наврӯз аст, ки бо диди нав таҳия карда мешавад ва тамошои он барои ҳамаи сокинон рӯҳияи хуб хоҳад бахшид", - зикр намуд, Қосимов.

Сардори Раёсати фарҳанг афзуд, то ин дам омодагии донишҷӯён пас аз машғулиятҳои донишгоҳӣ шурӯъ мешуд, вале сар аз моҳи март, давоми рӯз онҳо дар макони асосии идгоҳ воқеъ дар Варзишгоҳи ба номи "20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" дар Хуҷанд дар баргузор намудани намоишномаи фарҳангӣ тамрин мекунанд.

Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Аз Рузи модар то Наврӯз: 14 рӯзи истироҳати Тоҷикистониён дар моҳи март

Дар рӯзи таҷлили Наврӯз дар Хуҷанд, суннату анъанаҳои фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон, Қирғизистону Қазоқистон, Узбекистон ва баъзе дигар аз кишварҳои қаламрави Наврӯз намоиш дода мешавад ва ин ҳамаро донишҷӯёну хонандагони мактабҳо ҳамроҳи ҳунармандон ба иҷро мерасонанд.

Чанде пеш ба дунболи хабари баста шудани дари масҷидҳо дар Тоҷикистон, баъзе аз расонаҳо ба қавл аз нақли Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон навишта буданд, ки ба хотири пешгирӣ аз эҳтимолияти сирояти маризии коронавирус бо дастури масъулини ин ниҳод машқу тамрин ё "маршировка" - и донишҷӯёне, ки барои Наврӯз омодагӣ мебинанд қатъ карда шудааст.

Аммо Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанг ва масъули бахши эҷодии таҷлили Наврӯз дар Хуҷанд гуфт, ҳеҷ кас барои қатъ кардани тамрин ба онҳо дастур надодааст ва хабари расонаҳо дар ин маврид беасос аст.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз донишҷӯёни ширкатдор дар тамрини чорабинии наврӯзӣ дар Хуҷанд мегӯянд, ба фарқ аз солҳои қаблӣ, имсол онҳоро масъулин бо хуроки нисфирӯзӣ таъмин мекунанд.

Қарор аст, имсол Ҷашни баргузории Наврӯзи бузурги Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои 20 -26-уми март баргузор шавад.

Лентаи хабарҳо
0