18:40 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
393 0 0

Дар пайи чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ҷашнвораи “Оши палав”-ро, ки мебоист 14 март доир шавад, манъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар ин бора аз шаҳрдории пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тасмими мазкур аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр бо тавсияи Вазорати тандурустӣ сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, замони баргузории он низ номуайян аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳо наврӯзӣ танҳо ҳамин ҷашнвора манъ шуда, чорабиниҳои дигари варзишӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт доир мегардад ва ягон тағйироте ба он ворид нашудааст.

Ҷашнвораи мазкур, дар доираи таҷлили “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сурат гирифта, тибқи қарори шаҳрдорӣ мебоист 14 март доир гардад.

Ҷашнвораи мазкур шурӯъ аз соли 2018 таҷлил мешавад ва соли гузашта дар пайи баргузории чунин маърака дар боғи Фирдавсии Душанбе бетартибиҳои зиёде сар зада буд, ки баҳсу баррасиҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Он замон ошпазҳо барои нишон додани маҳорати хеш, деги яктоннагаро гузошта буданд.

Барчаспҳо:
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Оши палов", Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ