10:24 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Муассиса барои иҷрои нақши асосӣ ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистонро даъват кардааст. Махсус барои филм деҳаи нав низ бунёд карданд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" банаворгирии филми наверо бо номи  "Бачаи обӣ" ба анҷом расонида  истодааст, ки нақши асосиро дар он  ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон Убайдулло Амон мебозад. Дар ин бора коргардони филми мазкур Файзулло Файз ба "Ховар" хабар дод.

Гуфта мешавад, ҳунарманди маъруфи ӯзбек Убайдулло Амон бо даъвати Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар филми мазкур образи бобои Баракатро иҷро менамояд.

Убайдулло Амон зимни  суҳбат  иброз намуд, ки ӯ дар филмҳои истеҳсоли Русия нақши террористро мебозад ва дар филмҳои ӯзбекӣ нақши падари меҳрубонро иҷро мекунад.

"Филми "Бачаи обӣ" аз нигоҳи жанр барои Убайдулло Амон куллан сабку образи нав буд. Коргардон Файзулло Файз барои боз кардани паҳлуҳои зиёди ин образ бо ӯ мулоқоти зиёд анҷом додааст", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Бояд зикр кард, ки Убайдулло Амон дар филм бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд ва ба таъкиди худаш, вай тоҷики бухороӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал барои сабти филм деҳае дар паҳлӯи "Баҳри Тоҷик" сохта шуд.

Тасмими имзои Ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва “Узбаккино”

Филми "Бачаи обӣ"-и коргардони ҷавон Файзулло Файз дар ҳоли анҷом қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури ҳаводорон мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ