Лағви консерти Шабнами Сурайё дар Ню - Йорк ба далели коронавирус

© © Sputnik / Амир ИсаевЛетний фестиваль в Душанбе
Летний фестиваль в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консерти ҳунарии Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик, ки мебоист имрӯз дар Ню-Йорк доир шавад, лағв шудааст

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар ин бора Шабнам дар саҳифааш дар Instagram хабар дода гуфтааст, ки ба зудӣ рӯзи нави консертро эълом хоҳанд кард.

"Мухлисони азиз. Ман дер боз интизори ҳунарнамоӣ дар Ню-Йорк ва пешвози Наврӯз бо шумо будам. Мутаассифона баргузоркунандагони консерт дар Ню-Йорк маҷбур шуданд дар робита ба вазъият бо коронавирус барномаро лағв кунанд. Умедворам ҳамааш хуб мешавад ва мо ба зудӣ санаи нави консертро эълом мекунем. Саломат бошед!", - омадааст дар эълом.

Лағви консерти Нигина Амонқулова ба далели коронавирус: ӯ гуноҳе надорад

Публикация от Shabnami Surayo (@shabnamisurayo_page)

Ахиран Шабнами Сурайё аз сабти суруд ва намоҳанги нави худ, таҳти унвони "Чашмак мезанӣ" хабар дод. Намоҳанг ду ҳафта пеш, рӯзи 23 феврал дар саҳифаи сароянда дар Youtube нашр шудааст.

Оҳанги ин сурудро Роберт Мирзоян навишта матни онро Орзу Исоев эҷод кардааст.

Намоҳанги тозаи Шабнамро то имрӯз беш аз 250 ҳазор кас тамошо карда ва беш аз 4 ҳазор корбар писандидааст.

Лентаи хабарҳо
0