ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар ин бора Шабнам дар саҳифааш дар Instagram хабар дода гуфтааст, ки ба зудӣ рӯзи нави консертро эълом хоҳанд кард.
"Мухлисони азиз. Ман дер боз интизори ҳунарнамоӣ дар Ню-Йорк ва пешвози Наврӯз бо шумо будам. Мутаассифона баргузоркунандагони консерт дар Ню-Йорк маҷбур шуданд дар робита ба вазъият бо коронавирус барномаро лағв кунанд. Умедворам ҳамааш хуб мешавад ва мо ба зудӣ санаи нави консертро эълом мекунем. Саломат бошед!", - омадааст дар эълом.
Лағви консерти Нигина Амонқулова ба далели коронавирус: ӯ гуноҳе надорад
Оҳанги ин сурудро Роберт Мирзоян навишта матни онро Орзу Исоев эҷод кардааст.
Намоҳанги тозаи Шабнамро то имрӯз беш аз 250 ҳазор кас тамошо карда ва беш аз 4 ҳазор корбар писандидааст.