10:40 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2426 0 0

Чамангул Шамсуллозода, овозхони бомаҳорат ва ба гуфтаи Орзу Исо тарғибнашудаи тоҷик, дар бораи тӯйгардӣ, шаттахӯрӣ аз шавҳар ва "қайчикунӣ"-ю роҳнаёбӣ ба консертҳою суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Чамангул ба гуфтаи Орзу Исо арзандаи мақоми болотар дар саҳнаи ҳунари тоҷик мебошад, аммо ба далели камбуди ташвиқу тарғиб чандон шинохта нест.

Чамангул дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и рӯзноманигор Ору Исо аз талошҳояш барои роҳёбӣ ба сабтҳои телевизионию консертҳо суҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ дастандаркорон бо ҳар баҳонае хоҳишҳояшро рад мекунанд. Шамсуллозода гила кард, ки масъулин аз ӯ замоне ёд мекунанд, ки тӯйеро зинда гузарондан зарур мешавад ва чун медонанд, ки ӯ ҳамеша зинда мехонад.

Овозхон гуфт, санъатро дӯст медорад ва гарчанде шавҳараш мухолифи ҳунарнамою тӯйгардӣ мебошад, наметавонад, соҳаро тарк кунад. Ӯ нақл кард, ки баъзан ба далели ҳунарнамоиҳо дар тӯй дар минтақаҳои дуртар ва дер баргаштан ҷанҷолҳои хонаводагӣ сар мезананду гоҳо то шаттахӯрӣ мерасад. Ӯ хулоса кард, ки зиндагӣ пастию баландиҳо дорад.

Дар идомаи суҳбат ришта сӯи оғилрӯбию таппаккунии овозхонҳои тоҷик дар барномае рафт. Чамангул Шамсуллозода бо зикри камбудиҳои кори ситораҳо дар деҳот изҳор дошт, ки ҳамчун духтари деҳа тарзи дурусти таппаккунӣ, оғилрӯбӣ, ҳезумшиканию боркунӣ ба харро нишон хоҳад дод.

Орзу Исо дар охири барнома дар хитоб ба шавҳари овозхон изҳор дошт, ки язнаи муҳтарам Чамангулро дигар озор надиҳед.

Барчаспҳо:
тӯй, оилавӣ, шоу, овозхон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ