14:18 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
557 0 0

Сарояндаи саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова ба хотири дастгирӣ намудан аз нафароне, ки дар қарантин қарор доранд, консерти мустақим дод

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Юлдуз Усмонова бо тими худ дар шароити хона онлайнӣ консерт дод ва аз тамоми шаҳрвандони кишвараш даъват ба амал овард, ки "дар хона қарор гиранд". Навори барномаи консертии ӯ феълан ҳам дар шабакаи иҷтимоии YouTube  ва ҳам Instagram фаъол аст.

Тасмими баргузор кардани консертро Юлдуз пас аз эълон шудани қарантин дар Ӯзбекистон ба нақша гирифт. Ҳамакнун ӯзбекистониҳо метавонанд навори консерти Юлдузро дар хона аз интернет тамошо кунанд.

Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон аллакай 8 нафар аз маризии коронавирус шифо ёфтанд.

Бароед аз ин ҷо: Ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова зани кӯдакдорро аз толори консерт ронд

Пас аз хурӯҷи ин маризӣ дар Ӯзбекистон, аз тамоми шаҳрвандон даъват карда шуд, ки бидуни зарурат манзили зисти худро тарк накунанд. Гузашта аз ин гашту гузори бидуни ниқоби тиббӣ низ дар ин кишвар ҷавобгарӣ дорад.

Бо вуҷуди таҳдидҳои ҳукуматдорон, дар Ӯзбекистон сафи нафароне, ки қоидаи қарантинро нақз мекунанд кам нест. Ҳамарӯза садҳо шаҳрванди ин кишварро барои халалдлор намудани талаботи ҳукумат бобати пешгирӣ аз коронавирус ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашанд.

Барчаспҳо:
консерт, Юлдуз Усмонова

Мавзӯъҳои асосӣ