Баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалии "Душанбе" ба вақти номуайян гузошта шуд

© Фото : Прессслужба КМФМКЦеремония закрытия Казанского фестиваля мусульманского кино
Церемония закрытия Казанского фестиваля мусульманского кино - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баргузории нахустин Кинофестивали  байналмилалии “Душанбе” аз сабаби паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ба вақти дигар гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар ин бора Кумитаи  тадорукоти чорабинӣ иттилоъ дода гуфтааст, чорабинии мазкур қарор буд, 14 то 18 апрели соли равон  дар  пойтахт доир шавад.

Ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонии Оскар - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди филми зодаи Тоҷикистон ба ҷоизаи "Оскар"
 

Тасмими мазкур барои тағйири замони баргуории чорабинӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти Кинофестивал дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус дар ҷаҳон гирифта шудааст.

Ба иттилои Кумитаи  тадорукоти чорабинӣ то муҳлати қабули филмҳо барои Синамобазми байналмиллалии “Душанбе” беш аз 85 дархост аз 30 кишвари ҷаҳон пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ҳайати ҷашнвора пеш аз баргузор шудани синамоҷашнвора филмҳое ки барои озмун пешбинӣ мешаванд, эълон хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, чорабинии мазкур одатан ҳар ду сол дар шанбеи сеюми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт доир мешавад.

Созмондиҳандагони ин ҷашнвора мақомоти Душанбе ва студияи киностудияи Тоҷикфилм мебошанд, ки дар он давлатҳои ИДМ ва СҲШ иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0