04:24 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1535 0 0

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Ҷонибек Муродов дуэти нави худро бо ҳамроҳии Юлдуз Турдиева овозхони шинохтаи Ӯзбекситон пешкаши мухлисонаш кард

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳамин ҳоло таронаи нави Ҷонибек Муродов сарояндаи машҳури тоҷик дар интернет нашр шуд, ки мавриди истиқболи гарми шунавандагон қарор дорад.

Таронаи тозаи "Азизи дилам"  дар иҷрои Ҷонибек ва Юлдуз дар канали JM Company мунташир шуда.

Юлдуз Турдиева низ аз сарояндаҳои машҳури эстрадаи Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, бо забони тоҷикӣ низ хуб месарояд. 

Ин дуввумин таронаи нави сарояндаи тоҷик давоми даҳ рӯзи ахир мебошад. Қаблан Ҷонибек ва Ҷӯрабек Муродовҳо, ҳунармандони номӣ ва падару писар таронаи тозаэҷоди навбатиашонро ба муҳоҷирон бахшида буданд.

Таронаи мазкур "Мусофир" ном дошат дар канали JM Company 25 март мунташир шуда буд.

Барчаспҳо:
Ҷонибек Муродов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ