11:36 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
98610

Қарантина чун маҷмӯи чораҳои маҳдудкунанда ва реҷавии зидди эпидемия, бори аввал барои пешгирии паҳншавии беморӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод шудааст

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Нахустин бор фикри ба қарантина фаро гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу  риёзидон, ситорашиносу шоири тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба вуҷуд омадааст.

Ин матлабро мудири Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Сунатулло Ҷонбобоев ба хабарнигори АМИТ "Ховар" гуфтааст.

Ба нақли Сунатулло Ҷонбобоев,  дар китоби "Ал-қонун-фӣ-тибб"-и ибни Сино омадааст, ки ӯ барои пешгирии сироят ёфтани одамон усули ҷудо кардани онҳоро давоми 40 рӯз таҳия намудааст. Зеро ба андешаи Шайхурраис, баъзе бемориҳо тавассути микроорганизмҳои хеле хурд, ки ба чашм намоён нестанд, паҳн мешаванд. Ва огоҳ кардааст, ки усули табобати ин гуна бемориҳо, аз ҷумла вабову тоун аз ҳам ҷудо кардани гурӯҳи одамони бемор аст, то дигаронро сироят накунанд.

"Дар "Ал-қонун-фӣ-тибб" ин усул бо номи "арбайин" (чил) омадааст. Дар ҳамон замонҳо ба воситаи тоҷироне, ки тариқи роҳи Абрешим аз Чин ба Урупо мерафтанд, калимаи "карантин", ки маънояш "чил рӯз" аст, пайдо ва бисёр машҳур шудааст. Тоҷироне, ки борашонро бо киштӣ ба Рим мебурданд, чил рӯз интизор мешуданд, то киштӣ ба бандар ворид шавад. Вақте дар байнашон шахсони мариз пайдо мешуданд, онҳоро дар ҷойи алоҳида муддати чил рӯз нигоҳ медоштанд",- гуфт Сунатулло Ҷонбобоев.

Имрӯзҳо дар авҷи пандемияи коронавирус филми "Ибни Сино", ки  дар бораи зиндагии ин донишманди  тиб, мутафаккири бузурги тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино дар қарни X мелодӣ нақл мекунад, дар баъзе кишварҳо тамошобинони зиёд ҷамъ намудааст.

Филм дар бораи пешгирӣ ва бартараф кардани як бемории маргбор, ки дар шаҳри Бухоро дар ҳамон  айём дар ҷараён будааст,  ҳикоя мекунад.

Дар робита ба ин Ҷонбобоев гуфт, ки дар филм маълумоти илмиро ба таври образнок истифода бурдаанд. Дар филм, ки  ба  зиндагиномаи Ибни Сино бахшида шудааст, ба тарзи дармони вабо ишора мешавад.

Ибни Сино дар филм тавсияҳое медиҳад, ки шабоҳати зиёде ба тавсияҳои имрӯзӣ барои пешгирӣ ва густариши коронавирус доранд.

"Имрӯзҳо тавсияҳои додаи ибни Синоро тамоми дунё эътироф кардааст. Бубинед, баъди ҳазор сол ҳам он тавсияҳое, ки падари тибби муосир дода буд, моҳияти хешро гум накардаанд. Аз ҷумла, дар филми мазкур барои бастани масҷидҳо ва  маконҳои динии ин шаҳр, ки ба гуфти ӯ, ин беморӣ  аз роҳи ҳаво ва аз тариқи шахс ба шахс интиқол меёфтааст, даъват ба амал оварда мешавад. Имрӯзҳо вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коронавирус кишварҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд.  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Чаро мо аз мерос ва тавсияҳои гузаштагон истифода накунем? Дар чунин вазъият намозро дар хонаҳо гузоштан беҳтар аст. Зеро ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид чӣ куништ, гуфтаанд. Намоз ин суҳбати инсон бо Худо аст. Аз ин рӯ он бояд дар танҳоӣ бошад",-илова намуд ҳамсуҳбат.

Қарантина (фаронсавӣ quarantaine, италиявӣ. quarantena — чил рӯз) — маҷмӯи чораҳои маҳдудкунанда ва реҷавии зидди эпидемия мебошад, ки маҳдуд кардани тамоси шахси сироятшуда ё гурӯҳи шахсони сироятшуда, ҳайвон, бор, мол, воситаҳои нақлиёт, нуқтаи аҳолинишин, ҳудудҳо, минтақаҳо ва ғайраҳоро ифода мекунад. Дар ибтидо, калимаи "қарантина" маънои "вақт, иборат аз чил рӯз" дошт (италия: quaranta giorni – «чил рӯз»).

Он бори аввал дар асри XIV дар Венетсия барои ба таъхир андохтани киштиҳо аз дигар кишварҳо дар бандар истифода шудааст. Маҳз дар ҳамин муддат ҳамаи киштиҳо то бор кардан бояд якчанд масофа аз соҳил дур меистоданд. Ва танҳо дар охири асри XVIII маънои дуюми ин калима — "хонае, ки дар он нафарони аз ҷойҳои хатарнок омада нигоҳ дошта мешаванд", пайдо шуд.

Бештари вақт карантин ҳангоми бемориҳои сироятӣ, хусусан тоун, нағзаки сиёҳ ва вабо чил рӯз давом мекард.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (591)
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз вабои аср, вабо, Ибни Сино, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ