20:18 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Нашриёти "ЭР-граф" маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст, хабар дод "Ховар".

Манбаъ аз қавли Ато Мирхоҷа афзуд, ки дар китоб манзумаҳои "Субҳи беғуруб", "Истиқлол", "Анҷумани наврӯзӣ", достонҳои "Нуристон", "Ҷони ширин" ва шеърҳое, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон суруда шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.

Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад.

Қаблан қисми дуюми романи таърихии Ато Мирхоҷа “Саройи санг” аз чоп баромад, ки давраи  солҳои 1870-1874-уми тоҷикони Бадахшонро дар бар  мегирад. “Саройи Санг” аввалин асари калонҳаҷми насрии Ато Мирхоҷа мебошад.

Тибқи иттилои сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ин як румони таърихиест аз сарнавишти мардуми Бадахшон, тасвири бадеии ҳаводиси пурпечутоб ва лаҳзаҳои фоҷеаборе, ки туркони ғосиб ба сари мардуми куҳистон оварда буданд, дар бар мегирад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ