Раҳмон дар бораи заиф шудани иммунитет ва мавқуф гузоштани рӯзадорӣ: заҳматкашон нагиранд?

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фарорасии Рамазонро барои мардум шодбош гуфта, нозукиҳои Рамазони имсоларо шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад.

Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Аз фишорбаландӣ то илтиҳоби шуш: омори фавтҳо дар беморхонаҳои Суғд

“Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем. Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Ин масъала дар сарчашмаҳои муътабари фиқҳӣ борҳо ва батафсил зикр шудааст”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Сабукиҳо: киҳо метавонанд, рӯза нагиранд ё баъдтар бигиранд

Ӯ афзуд, мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем.

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи ду муҳоҷири тоҷик барои вайрон кардани низоми қарантина дар Русия

“Зеро дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад”, - ҳушдор дод Раҳмон. 

Вай илова намуд, ки аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст.

Президент шарҳ дод, яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.

Вирусолог Виктор Зуев - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос дар бораи тестҳо ва маргу мир аз илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон

“Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд”, - гуфт раисиҷумҳур.

Ӯ таъкид кард, ки чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд.

“Касе намедонад, ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад”

Раисиҷумҳур ҳушдор дод, ки мо агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд.

Город Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе чораҳои зидди коронавирус пурзӯртар мешавад

“Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд.

Дар хотима, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳамватанонро бо фарорасии моҳи муборак табрик гуфта, ба ҳар як хонадон зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвар сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0