Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтаринҳои  ИДМ шомил шуд

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие фестиваля "Неделя детской книги" в здании Государственной филармонии имени Акашарифа Джураева
Открытие фестиваля Неделя детской книги в здании Государственной филармонии имени Акашарифа Джураева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рейтингро портали сайёҳӣ дар асоси натиҷаҳои таҳлили маъруфият ва пешниҳоди барномаҳои онлайнии консертҳо дар сайтҳои филармония ва шабакаҳои иҷтимоии онҳо тартиб додааст

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев тибқи нишондоди сайти сайёҳии TurStat ба даҳгонаи беҳтарин филармонияҳои ИДМ шомил шудааст.

Открытие фестиваля Неделя детской книги в здании Государственной филармонии имени Акашарифа Джураева - Sputnik Тоҷикистон
Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Рейтинг ба таҳлили маъруфият ва пешниҳоди барномаҳои онлайнии консертҳо дар сайтҳои филармония ва шабакаҳои иҷтимоии онҳо асос ёфтааст.

Дар баробари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчунин ба ин даҳгона  аз Русия Филармонияи давлатии Маскав , Филармонияи академии Санкт-Петербург ба номи Д. Д. Шостакович шомил шудаанд.

Ҳамчунин ба ин рӯйхат, Филармонияи давлатии Беларусия, Филармонияи давлатии Қазоқистон ба номи Ҷамбул, Филармонияи давлатии Озарбойҷон ба номи Муслим Магомаев, Филармонияи давлатии Арманистон, Филармонияи давлатии Ӯзбекистон, Филармонияи Миллии Қирғизистон ба номи Токтогул Сатилганов, Филармонияи Миллии ба номи Сергей Лункевич, Кишинёв дохил шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0