Даргузашти Соҳибзода Ирфон, ҳунарманди машҳури Ҳинд

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибзода Ирфон Алихон, ҳунарпешаи шинохтаи синамои Ҳинд, ки дар филмҳои машҳури Ғарб низ нақш офаридааст, дар синни 53-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ирфон Алихон, бозигари машҳури синамои Ҳинд имрӯз чоршанбе бар асари бемории рӯда дар бемористоне дар шаҳри Бомбей ҷаҳонро падрӯд гуфт, хабар дод “Парстудей”.

Индийский актер Акшай Кумар на презентации сериала «Конец» Amazon Prime Video в Мумбаи - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷашнвораи синамои Ҳиндустон баргузор мешавад

Манбаъ афзуд, ҳунарманд рӯзи гузашта ба далели уфунат дар ноҳияи рӯдаи бузург дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони дар Бамбей бистарӣ шуда буд.

Соҳибзода Ирфон Алихон байни мухотабони байналмилаллӣ барои бозӣ дар нақши пулис дар филми Миллионери зоғанишин шинохта мебошад.

Шоҳрух Хон, Амир Хон ва Салмон Хон аз дидор бо нахуствазири Исроил парҳез карданд

Ин филми синамоӣ бисёр муваффақ буд ва тавонист дар ҳашт бахш барои ҷоизаи Оскар  номзад шавад,

Ирфон дар филмҳои Марди анкабудии шигифтангез (2012 ), Зиндагии Пи ( 2012 ) ва Дунёи Журосик (2015 ) нақшофаринӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0