16:08 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
479010

Ҳунарманди теарт ва кино дар шаҳри Душанбе дар сини 72-солагӣ вафот кардааст. Ҳамагӣ ду сол пеш дар Тоҷикистон 50-солагии фаъолияти ҳунармандро таҷлил карда буданд

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Ҳунарманди мардумии тоҷик, ситораи синамо ва театр Савринисо Сабзалиева даргузашт, хабар медиҳад дар Фейсбук ҳампешаи марҳум Некқадам Шоҳназаров.

Сабзалиева 72 сол дошт ва дар Душанбе ҳамагӣ ду сол пеш 50-солагии фаъолияташро таҷлил карда буданд.

Далели даргузашти ҳунарманд тавзеҳ дода намешавад, аммо муаллифи хабар дар посух ба суоли корбарон эҳтимоли сирояти ҳунарманд ба вируси коронаро рад кардааст.

Бархе аз корбарон сабаби вафоти ҳунармандро маризии саратон гуфтаанд. 

Савринисо Сабзалиева 27 январи соли 1948 дар ВМКБ таваллуд шуда, Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва ВГИК-и Маскавро хатм кардааст.

Писари ҳунарманд Самад Мансуров, яке аз ситораҳои театр ва кинои Русия аст. 

Корбарони Фейсбук марги Савринисо Сабзалиеваро талафоти бузурги театр ва кино унвон карда, изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ