04:02 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
75110

Далер Назаров, ҳунарманди номии тоҷик дар муроҷиате аз ҳамагон даъват кардааст, ки муттаҳид шуда, ба нафароне, ки сахт эҳтиёҷманданд, кӯмак расонанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҳунарманди номии тоҷик дар муроҷиати видеоиаш

 гуфтааст, замони озмоишҳо фаро расидааст.

"Дӯстони азиз, паси панҷара борон мерезад. Ман дар қарантинаам ва дар Маскав ба он дучор шудам. Ҳоло тамоми наздикон ва дӯстонам дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қарор доранд. Фикр мекунам, нафарони зиёд ин вазъро доранд. Аммо ҳоло ки ҳама кӯшиш мекунанд дар ин вазъияти мушкил, худро пайдо кунанд ва ба саволи чи мегузарад, ҷавоб пайдо намоянд, нафароне ҳастанд, ки ба кӯмаки мо ниёз доранд", - мегӯяд вай.

Вай афзудааст, "барои ҳамин, ҳисси  ҳамдардие, ки мо дорем, ба муттаҳид шудан, мусоидат мекунад,то тамоми қувваамонро ҷамъ намуда, ба нафароне ки сахт ба мо ниёз доранд, кӯмак расонем".

"Феълан ба ҳама мушкил аст, аммо нафароне ҳастанд, ки ба кӯмаки мо сахт ниёз доранд, барои ҳамин биёед муттаҳид мешавем. Ин муроҷиат на танҳо ба тоҷикон, балки ба тамоми аҳли башар аст. Мо бояд ба якдигар кӯмак расонем ва агар хоҳем қувва ва тавонмандӣ ҳатман пайдо мешавад", - таъкид мекунад Назаров. 

Ҳоло замоне фаро расонидааст, ки ба мо муттаҳид шуданро меомӯзонад, бигзор ин мақсад моро тавон бахшад, афзудааст ӯ.

Консерти Далер Назаров дар Маскав ба таъхир афтод

Далер Назаров дар анҷоми даъваташ ба кӯмак ва некӣ ба ҳамагон саломатӣ, некӯаҳволӣ таманно карда гуфтааст, ки аҳли башар ҳатман ба ин мушкилӣ пирӯз мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ