08:51 24 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.45
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
125101

Шоир Аълохуҷа Умарзод, ки аз рӯи ихтисос риёзидон буду бо тахаллуси Аъло шеър менавишт, дар синни 66-солагӣ дунёро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. Бар асоси иттилои аввалия, сабаби даргузашти Аълохуҷа Умарзод сактаи қалбӣ арзёбӣ мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи vanj.info, Аълохуҷа Умарзод (Сурхов) 15 июли соли 1954 дар деҳаи Унбари Даргови Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд ёфтааст. Баъди таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 5-и деҳа дар солҳои 1960 – 1968 ва мактаби миёнаи рақами 4 дар солҳои 1969 – 1970 ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) дохил шудааст.

Каримӣ ва Ҷумҳуров: даргузашти ду афсари тоҷик

Ӯ дар солҳои 1971 – 1976 дар он ҷо таҳсил намуда, мактаби олиро бо ихтисоси муаллими фанни риёзӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ аз соли 1976 то соли 1984 дар мактаби миёнаи рақами 5-и деҳаи Унбари Даргови Рохарв ба ҳайси муаллими фанни риёзӣ кор намудаанд.

Аз соли 1984 инҷониб дар маркази ноҳияи Ёвон сукунат ихтиёр намуда, солҳои тӯлонӣ ба касби пуршарафи машғул буд.

Аълохуҷа Умарзод дар Ёвон ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директори мактаби рақами 5 адои вазифа намуда, аз соли 1997 то 1999 вазифаи мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия ва аз сентябри соли 2001 то моҳи сентябри соли 2007 мудири мактаби шабонаи коргарҷавонони №1-и ноҳияи Ёвонро ба ӯҳда дошт. Ӯ то охири умр ба ҳайси омӯзгори фанни риёзӣ кор карда, бо шеърҳояш низ миёни мардум шинохта мебошад.

Намунаи шеърҳояшро метавонед дар пайванди зер пайдо кунед.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ