11:12 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1839 0 0

Доктор Бадруззамони Қариб, устоди забонҳои бостонӣ ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ рӯзи 28 июл чашм аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Муртазо Қосимӣ, мудири равобити умумии Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ахиран эълом кард, ки субҳи рӯзи 28 июл доктор Бадруззамони Қариб, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, забоншинос ва устоди донишгоҳ, дар синни 91 солагӣ даргузашт ва гӯё эшон ҳам аз қурбониёни корона буданд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Бадруззамони Қариб мадраки доктории забонҳои бостонии худро аз Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико бо дифоъ аз рисолааш бо унвони “Таҳлили сохтории феъл дар забони суғдӣ” дарёфт карда буд ва дар ҳавзаи забонҳои бостонии Эрон соҳиби шӯҳрат ва эътибори ҷаҳонӣ буд.

Ӯ дар соли 1971 нахустин курси омӯзиши забони суғдиро дар донишгоҳи Теҳрон таъсис кард.

Бадруззамони Қариб аз забони суғдӣ ба унвони “забони фаромӯшшудаи Ҷодаи Абрешим” ёд карда ва гуфтааст: “Вақте корро шуруъ кардам, суғдӣ на матн дошт ва на дастур ва на вожанома ва ман маҷбур шудам ҳама корҳоро худам дар синф анҷом диҳам”.

Вай 20 сол аз умри худро сарфи таҳияи “Фарҳанги забони суғдӣ” ба се забони суғдӣ, форсӣ ва англисӣ кард ва барои ин кор, илова бар гирдоварии вожаҳои мухталифи суғдӣ, аз мутуни мухталифи буддоӣ, монавӣ ва масеҳӣ, аз назари решашиносӣ ҳам иттилооте ба онҳо афзуд.

Доктор Бадруззамони Қариб як бор барои таълифи китоби “Фарҳанги забони суғдӣ” ва як бор низ барои тарҷумаи китоби “Забонҳои хомӯш”, асари Юҳон Фредриш, барандаи ҷоизаи китоби соли Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

“Таваллуди Буддо ба ривояти суғдӣ”, “Таърихчаи гӯишшиносӣ дар Эрон”, “Мутолеоти суғдӣ” ва “Пажӯҳишҳои эронии бостон ва миёна” аз дигар осори ин забоншиноси барҷаста аст.

Барчаспҳо:
устод, чашм, забон, Суғд, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ