21:57 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
254 0 0

Маросими тантанавии супоридани Шоҳҷоиза бояд моҳи сентябри имсол дар шаҳри Пекин баргузор мешуд, вале бинобар пандемияи COVID -19 туҳфа ва ҷоизаҳои озмун равон карда мешаванд

 

ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Шоири тоҷик дар озмуни шеър дар Чин соҳиби шоҳҷоиза гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шеъри шоир Абдуқаҳҳори Қосим дар озмуни телевизионии "Шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон", ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гардидааст.

Адибони се кишвари дигар - Ҷопон, Русия ва Боливия низ соҳиби шоҳҷоиза гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур 3 январи соли равон бо ташаббуси "Ассотсиатсияи журналистони ҷаҳон", "Рӯзномаи ҷаҳонӣ", "Телевизиони ҷаҳонӣ", "Телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ", "Ахбори ҷаҳонӣ ва Тутяо" ташкил гардида буд, ки дар он 607 муаллиф аз Чин, Покистон, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия, Туркия, Боливия, Канада, ИМА, Дания, Венесуэла, Косово, Сербия, Булғористон, Филиппин, Маврикий,  Русия, Тоҷикистон ва дигар манотиқи дунё иштирок намуданд.

Ёде аз шоир, донишманд ва чеҳраи сиёсии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Тибқи нақша, маросими тантанавии супоридани Шоҳҷоизаи "Озмуни телевизионии шеъри рӯзномаҳои ҷаҳон" бояд моҳи сентябри имсол дар шаҳри Пекин баргузор мешуд, вале бинобар пандемияи  бемории COVID -19 туҳфа ва ҷоизаҳои озмун ба ғолибон равон карда мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ