00:45 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
302 0 0

Театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидаанд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ, бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷой нишаст ифтитоҳ шуд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон
Из личного архива внучки Заррагул Искандаровой

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ошноӣ ба санъати меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд додааст.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав президент, дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқот намуд ва барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо кардааст.

Театре, ки дар он Гурминҷ Завқибеков фаъолият кард - 84 сола шуд

Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров, 84 сол пеш, рӯзи 1 август, дар шаҳри Хоруғ — маркази маъмурии ВМКБ театри вилоятии мусиқӣ-драмавӣ бо ба намоиш гузоштани спектакли "Дохунда" аз рӯи асари устод  Садриддин Айнӣ ифтитоҳ ёфт.

Дар солҳои гуногун дар ин театр ҳунармандони маъруфи мамлакат, аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев,  Ҳунарпешаҳои  халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Бахтулҷамол Карамхудоев, Гурминҷ Завқибеков, Майсара Дилдорова, Улфатмо Мамаданбарова, Киматшо Иматшоев, Сафарбегим Тошхуджаева ва дигарон  фаъолият намудаанд.

Пас аз соли 1992 театри мазкур номи расмии Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров касб намуд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи бинои нав, бинои нав, ифтитоҳ, Театр, Хоруғ

Мавзӯъҳои асосӣ