22:58 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
233122

Мино, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик аз ҳаёту эҷодиёташ, аз ҷумла дар бораи ятиммонӣ аз падар дар кӯдакӣ, азоби модару таъназаниҳо барои либоспӯшию ҳаракатҳояш нақл кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Овозхон дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исо изҳор дошт, ки падараш замони чорсола будани ӯ  вафот карда, модараш фарзандонро танҳо ба воя расондааст. Мино гуфт, бародарбузург дорад, ки дар Маскав бо духтари рус хонадор шуда, иқомат мекунад. Модараш, ки замони фавти падараш ҳудуди 30 сол доштааст, дигар шавҳар накардааст.

Омӯзгорӣ ва бозорӯбии модари Мино барои таъмини фарзандон

Овозхон изҳор дошт, ки модараш дар коллеҷи санъат омӯзгори забони русӣ буду барои таъмини хонаводааш собиқ бозори Шоҳмансурро низ мерӯфт. Ба гуфтаи овозхон, то синни тақрибан 8-солагӣ барояш либос намехариданд, чун шароит набуд ва ӯ либосҳои хурдшудаи бародарбузургашро мепӯшид.

Ӯ изҳор дошт, ки аз хӯрдӣ дар ансамбли Падида рақс мекард ва аз синни 7-солагияш “ойлик” мегирифт, ки он замон 15 сомонӣ буду 10 сомонияшро ба модараш медод.

Мино афзуд, ки як соли баъд аз шуғлаш ба овозхонӣ тарки ҳунари раққосагӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, соли 2014 дар 16-солагӣ суруди “Ай ёр” хонд ва суруди дуюмаш “Бачаи дарвозӣ” буд, ки маъруф шуд.

Аз белибосию тангдастӣ то хонахарӣ дар Душанбею Маскав

Мино мегӯяд, дар хурдӣ, ором, хомӯш ва зиёд тарсончак буд ва ҳар дугонааш метавонист ӯро занад. Бинобар ин аз хӯрдӣ зиёд бо писарон дӯстӣ мекард. Ӯ таъкид намуд, ки то ҳол бо ягон духтар ҷанг накардааст, ҳатто ҷанги лафзӣ.

Овозхон иттилоъ дод, ки феълан зиндагияшон хуб шудааст, модараш продюсераш мебошад.Тасдиқ кард, ки дар маркази Душанбе хонаи барҳаво гирифтанду се моҳ пеш дар Маскав низ хона гирифтанд, чун бародараш майли бозгашт ба Тоҷикистонро надорад.

Мино чигуна шавҳар мехоҳад? Тоҷири сабзинаи қадбаланд

Дар мавриди хонадоршавӣ Мино гуфт, ки то ҳол пайдо нашудааст, писаре, ки дар дилаш ҷой гирад. Ҳастанд ҷавононе, ки номаҳои ошиқона менависанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аммо ӯ чунин шеваи шиносоиро хуш надорад.

Ба суол, ки ӯ шавҳари ояндаашро чӣ гуна дидан мехоҳад, посух дод, ки бояд тоҷири қадбаланди сабзинаранги тақрибан 90 килоие бошад, ки иҷозат диҳад, Мино дар саҳна ҳунарнамоӣ кунанд.

Мино: баъди клим бо Қадами Қурбон “кафидам”

Овозхон изҳор дошт, ки чун аз хурдӣ ба раққосагӣ шуғл дошт, ба таъназаниҳо одат карда буд, аммо дар пайи нашри суруду намоҳанг бо Қадами Қурбон шарҳнависон либосу ҳаракатҳояшро зиёд таъна заданд ва ӯ он ҷо бори аввал ба истилоҳ “кафид”.

Бо нашри изҳороте дар инстаграм шарҳ додаст, ки ин ҳама нақшҳои саҳнавиянд, ки ӯ маънои чунин будан дар зиндагироо надорад.

Ӯ аз мухлисон хоҳиш кард, ки нисбати санъату эҷодиёташ сахтгир набошанд ва таъназаниҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ камтар шаванд.  

Мавзӯъҳои асосӣ