13:47 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
262 0 0

Филми "Полис" бо ҳунармандии Паймони Маъодӣ, бозигари саршиноси эронӣ дар нақши як шаҳрванди тоҷикистонӣ дар Фаронса рӯйи парда меравад

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”  филми “Полис” ё шифти шаби моҷарои се полиси фаронсавӣ аст, ки маъмур мешаванд як муҳоҷири тоҷикистонӣ ба номи Тоҳировро ба фурӯдгоҳи Шарл де Голли Порис бибаранд то ӯро ба кишвараш бозгардонанд, аммо дар роҳ яке аз полисҳо мефаҳмад агар муҳоҷири тоҷик ба кишвараш истирдод шавад, ба эҳтимоли зиёд эъдом хоҳад шуд.

Ин мавзӯ полисҳоро бар сари як дуроҳии ахлоқӣ қарор медиҳад.

Филми “Полис”, ки бар асоси як роман сохта шудаву Паймони Маъодӣ, бозигари саршиноси эронӣ дар он нақши муҳоҷири тоҷикро бозӣ кардааст, қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи дувуми сентябр дар Фаронса ба намоиш дарояд.

Бозии нақши муҳоҷири тоҷик, шашумин ҳузури Паймони Маъодӣ, бозигари эронӣ дар санъати филму сириёли ҷаҳон аст.

Бояд гуфт, ки ҳунарманди эронӣ Паймони Маъодӣ дар филмҳои “Урдӯгоҳи ашаъаи Х”, “Охирин шаволияҳо”, “13 соат: сарбозони махфии бенғозӣ” ва Шаш (6) зеризаминӣ, бозӣ кардааст.

Вай ҳамчунин дар ду сериёли англисизабони “Он шаб” ва “Дунёи Ғарб” ҳузур доштааст.

Паймони Маъодӣ бо нақшофаринӣ дар филмҳои “Ҷудоии Нодир аз Симин” ва “Дар бораи Ило”, асари Асғари Фарҳодӣ, коргардони эронии барандаи ҷоизаи Оскар, ба синамои ҷаҳон муаррифӣ шуд.

Барчаспҳо:
Синамо, фарҳанг, Фаронса, филм, ҳунарманд, Эрон, тоҷикистонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ