“Номардо”: гилаи Зулайхо аз овоза кардани ишқаш дар рӯзи мавлуд-видео

© SputnikС концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой
С концерта таджикской певицы Зулайхо Махмадшоевой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони тоҷик, ки имрӯз 27-солагияшро таҷлил мекунад, суруду намоҳанги ҷадиди худ зери унвони “Номардо”-ро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Оҳанги суруди нави Маҳмадшоева эҷоди Зафар Каримов буда, намоҳанг зери назари Азим Ҳикматуллоев ба навор гирифта шудааст. Дар ин суруди тақрибан 10-дақиқаӣ овозхон гила дорад, ки “ҳарчанд давидам аз пайи ишқи ёр, овоза карданд ишқи маро номардҳо”.

Тайи соатҳои аввали нашри суруд онро ҳудуди 1,5 ҳазор нафар писандидаанд. Бештари корбарон Зулайхоро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаанд.

Бар асоси донишномаи озод, Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада,  дар оила духтари калонӣ мебошад. Ӯ инчунин се додар ва хоҳар низ дорад. Ба иттилои манбаъ, Зулайхо аз хурдиаш мухлиси Манижа Давлатова буд ва бисёр орзу мекардааст, ки овозхони эстрадӣ шавад. Тавре дар ҳолномаи Зулайхо дар донишномаи озод навишта шудааст, ӯ оиладор ва соҳиби як писар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0