04:52 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
429 0 0

Нигина Амонқулова аз сарояндаҳои маҳбуби мусиқии попи тоҷик таронаи машҳури ҳунарманди шинохта, шодравон Зафар Нозимро бозхонӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар ин бора худи Нигина Амонқулова дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.

Хонум Амонқулова дар шарҳи ин тарона навиштааст: “Бо эҳтироми хосса ба бузугдошти санъати волои ҳунарманди мардумии кишварамон, Зафар Нозим як суруд аз эҷодиёташон барҳи Шумо азизон пешкаш мекунам”.

Бозхонии таронаи “Рафтам ба ҷустуҷӯят” ду рӯз қабл дар шабакаи “Ютуб” нашр гаштаву беш аз 50 ҳазор маротиба боздид шудааст.

Ин таронаро ҳунарманд дар ҳошияи тарҳи наваш "Legends live forever" бозхонӣ кардааст.

Ӯ дар доираи ин тарҳ қаблан таронаи ҳиндии 

"Yeh Mera Prem Patra Padhkar"-ро бозхонӣ карда буд. 

Зафар Нозим аз ҳунармандони саршиноси кишвар буд, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳаводорони хешро дошт.

Машҳуртарин таронаҳои ӯ "Эй сорбон, оҳиста рон", "Бигзор, то бигирям", "Зулайхо", "Модар" ва ғайра мебошанд.

Зафар Нозим дорандаи унвонҳои баланди Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон буд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

A unforgettable tribute to the unforgettable legends by Qiam Entertainment & Nigina Amonqulova. Begins tomorrow On Qiam Entertainment YouTube channel @qiamentertainment

Публикация от Nigina Amonqulova (@nigina_amonqulova)

Номбурда, пас аз  як бемории тӯлонӣ  соли 2010 дар синни 70 солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Барчаспҳо:
Зафар Нозим, тарона, Нигина Амонқулова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ