04:19 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
404 0 0

Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ