07:45 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Эрон асари "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома"-и шодравон Ҷӯрабек Назриро бознашр кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, тарҷумаи форсии китоби "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома", асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.

"Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд", - менависад манбаъ.

Ин китоб пас аз даргузашти нобаҳангоми равоншод Ҷурабек Назрӣ бар асари куруно ба поси хадамоти он устоди фақид бознашр шудааст.

Доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ гуфтааст, ин асар бахше аз таърихи адабиёти форсӣ дар Эрони фарҳангӣ аст.

Асли ин китоб ба хатти кириллӣ аст, ки барои аввалин бор дар даҳаи ҳаштоди хуршедӣ нусхаи баргардоншудаи он ба хатти форсӣ ва ба теъдоди маҳдуд бо муқаддимаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

"Бо таваҷҷуҳ ба интишори ин китоб дар авоили даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрондӯстии мантиқии тоҷикон дар саросари ин асар ошкоро нуҳуфтааст", - менависад "Парс тудэй".

Мавзӯъҳои асосӣ