21:10 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Нахустин намоиши филми "Бачаи обӣ", ки ба коргардони ҷавону боистеъдод Файзулло Файзов тааллуқ дорад, дар Кохи Наврӯз сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Нахустнамоиши филми бадеии "Бачаи обӣ" ба ифтихори 90-солагии Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ба намоиш гузошта мешавад. Ин филм маҳсули меҳнати коргардони ҷавон Файзулло Файзов мебошад ва санаи 16 - уми октябр дар Кохи Наврӯз намоиш дода мешавад.

 

Муаллифи ғояи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин, Соро Собир иҷро кардаанд.

Филм дар бораи тағйирёбии иқлим, хушкшавии баҳру дарёҳо, муносибати одамон бо табиат дар мисоли писарбачае, ки дар деҳаи Моҳигирон зиндагӣ мекунад ва вақти зиёдашро дар назди баҳре мегузаронад, ки оқибат камоб шуда, моҳиёни он кам мешаванд, қисса мекунад.

Филм барои доираи васеи тамошобинон таҳия шуда, барои одамони синну соли мухталиф  ҷолиб ва муфид хоҳад буд.

Мавзӯъҳои асосӣ