Тақдими аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе гуфт, имрӯз даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардида, 58 ғолиб дар бахшҳои гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур аз чор ноҳияи пойтахт 174 нафар ғолибони даври дуюми озмун ширкат карданд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд ба ғолибони озмун аз 5 то 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза дод

Шаҳрдорӣ афзуд, довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”,  “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

“Даври шаҳрии озмун бо рақобати солими довталабон ҷамъбаст гардида, барои иштирок ба  даври ҷумҳуриявии он 58 нафар аз рӯйи наминатсияҳои озмун роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 12 нафар ҷойҳои якум, 27 нафар ҷойҳои дувум ва 19 нафар ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдорӣ таъкид намуд, ки ба ғолибони ҷойҳои якум 10 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дувум 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе бо инобати пардохти андозҳо мукофотпулӣ ва диплом тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0