08:05 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
256 0 0

Ширкати "Расул" мегӯяд, барои адои ҳаҷи умраи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақомоти Арабистони Саудӣ музокирот идома доранд

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Саъдулло Қурбонов, раҳбари ширкати "Расул", яке аз ду ширкати тоҷикистонии ташкили ҳаҷҷи умраву фарзӣ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ба ҳол сари замону шароити қабули зойирини тоҷик бо Арабистони Саудӣ тавофуқ сурат нагирифтааст.

"Мо аз ҷониби худ тамоми ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба он ҷониб ирсол доштаем. Ҳоло мунтазир ҳастем, ки он ҷониб чӣ мегӯяд. Ин ҳама ба ҳамагирӣ (пандемия) – и "вируси корона" рабт дорад. Низоми пазириш дигар шудааст, қаблӣ нест. Тадобири иловагӣ ва мураккаб барои фурудгоҳҳову дигар зерсохторҳои Саудӣ пеш омадааст, ки бояд гирифта шаванд. Масалан, 1 ноябр зойирини Индонезияро қабул кард. Ҳамин тавр, ба навбат зойирини дигар кишварҳоро хоҳад пазируфт", - гуфт Саъдулло Қурбонов.

Қаблан Арабистони Саудӣ эълон карда буд, ки аз оғоз моҳи ноябр ба зоирон иҷоза медиҳад, то аз дохилу хориҷи кишвар сафар кунанд ва маросими ҳаҷро комилан анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои арабӣ, Саудӣ метавонад рӯзона 20 ҳазор зойир ва 60 ҳазор намозгузорро қабул кунад.

Раҳбари ширкати "Расул" мегӯяд, тибқи талаботи вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистони Саудӣ, зоирон бояд аз 18 то 50 – сола, аз маризӣ осебнопазир бошанд ва пас аз вуруд ба он кишвар санади озмоиши манфии COVID-19-ро пешниҳод кунанд.

"Тамоми зоироне, ки аз хориҷ меоянд, 72 соат қабл аз сафар бояд аз муоинаи тиббӣ гузашта, пас аз ворид шудан ба Саудӣ се рӯз ниёз ба қарнтинаи худ доранд. Ё агар автобусҳо қаблан 50 мегирифтанд, ин дафъа, ба шумули раҳбалад ҳамагӣ 22 нафар мегиранд. Ё меҳмонхонаҳо бояд 10% холӣ бошанд, то дар ҳоли мариз шудан нафар таҳти муроқибати пизишкӣ қарор гирад. Боз қоидаҳое дигар аз ин қабил", - гуфт Саъдулло Қурбонов.

Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими расму ойини Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи умраро анҷом додаанд. Созмондеҳии ин маросимро ду ширкати ватании тоҷикӣ – "Расул" вв "Ормон" анҷом медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари ширкати "Расул" мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки дар қимати ҳаҷҷи умра низ тағйир ояд.

"Ширкатҳои хизматрасон бояд ҳама – аз ниқоб то айнаки зоиронро таъмин кунад. Аз сӯи дигар, хароҷоти дигаре низ дар робита бо хадамоти нақлиётиву меҳмонхонаҳо шояд пеш меоянд, ки ҳоло дар бораашон гуфта наметавонем", - гуфт Саъдулло Қурбонов.

Дар Масҷиди Ал-Ҳаром дар Макка ба хондани намоз шурӯъ карданд

Арабистони Саудӣ ҳанӯз моҳи марти соли равон ба далели пандемияи "вируси корона" дарашро ба рӯи зойирини Хонаи Худо баста буд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки дар ҳоли бо муваффақият анҷом ёфтани таҷрибаи кунунии қабули зойирин аз 1 январи соли оянда маҳдудиятҳоро лағв хоҳанд кард.

Барчаспҳо:
зоирини тоҷик, зоирин, Арабистони Саудӣ, ҳаҷҷи умра

Мавзӯъҳои асосӣ