23:23 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
37701

Абдуҷҷабор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон масъалаҳои ин соҳаро баррасӣ кардаву дастуру супоришҳо додааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя - Sputnik. Ин мулоқоти Раҳмонзода бо мақсади рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷашнҳои таърихию сиёсӣ доир гардидааст, хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби Абдуҷҷабор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави композиторӣ ва иҷрокунандагӣ,  рушди санъати  мусиқии касбии миллӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

“Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри татбиқи имкониятҳои эҷодии композиторони ҷавон, беҳтар гардонидани сифат ва самараи фаъолияти таълимӣ ва  ҳавасмандгардонии нерӯи эҷодӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд”,- афзудааст манбаъ.

Тағйирот дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон: раиси нав интихоб шуд

Ҳамзамон таъкид шудааст, барои дарёфти чеҳраҳои нави соҳа аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони “Навои Истиқлол” роҳандозӣ мегардад.

Дастури Раҳмонзода барои таъмири фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Гуфта мешавад, дар вохӯрии мазкур вазири фарҳанги Зулфия Давлатзода ва Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид низ ширкат доштанд.

Барчаспҳо:
намоҳанги нав, Иттифоқи оҳангсозон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ