10:13 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Ташкилоти ЮНЕСКО одамони боистеъдодро аз саросари ҷаҳон даъват мекунад, ки дар озмуни истисноии байналмилалии меъморӣ барои барқарорсозӣ ва таҷдиди маҷмааи Ан-Нурӣ ширкат варзанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. ЮНЕСКО озмуни байналмилалии меъморӣ барои лоиҳаҳои барқарорсозии масҷиди ан-Нурӣ дар Мосули Ироқро эълон кард.

"ЮНЕСКО нафарони боистеъдоди ҷаҳонро даъват мекунад, ки дар озмуни истисноии байналмилалии меъморӣ барои барқарорсозӣ ва таҷдиди маҷмааи масҷиди Ал-Нурӣ дар шаҳри Мосули Ироқ, ки аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) маблағгузорӣ мешавад ширкат варзанд”,-омадааст, дар иттилоияи ташкилот.

Илова бар ташаббуси "Эҳёи рӯҳи Мосул", ин озмун имкони беназири тағир додани зиндагии сокинони Мосул ва кумак ба онҳо дар барқарор кардани шаҳри худ пас аз ишғоли он аз ҷониби ҷангҷӯёни ДИ (гурӯҳи террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) мебошад.

Озмуни лоиҳаҳо, ки 16 ноябр оғоз ёфт, то 26 марти соли оянда идома хоҳад ёфт. Ҳайати байналмилалии иборат аз нӯҳ аъзо ва ду узви алтернативӣ лоиҳаи ғолиб ва чор нафари ба даври ниҳоӣ роҳёфтаро дар баҳор интихоб мекунад.

"Бозсозӣ ва барқарорсозии ин маҷмааи муҳими таърихӣ нишони тавонои устуворӣ ва умед ҳамчун қадами аввал дар роҳи ваҳдати иҷтимоӣ ва мусолиҳа дар Ироқ пас аз низоъ аст",-гуфт директори генералии ЮНЕСКО Одри Азулай.

Номбурда гуфт, дар ҳақиқат, маконҳо ва ёдгориҳои таърихӣ рамзи тавоноӣ аз мансубият, ҷомеа ва ҳувиятанд, ки барқарорсозии онҳо ба сокинони Мосул кӯмак мекунад, то хотираи шаҳри босуръат ва тараққикунандаи худро барқарор кунанд.

Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, озмун, масҷид, ЮНЕСКО

Мавзӯъҳои асосӣ