17:40 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
478 0 0

Мақомоти Кӯлоб дар сомонаи рамияш навиштаанд, ки дар шаҳр боз як ҳодисаи таърихию фаромӯшнашаванда рух дод

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоб сарнайзае ёфт шудааст, ки таърихи беш аз 5- ҳазорсола дорад.

Таъкид шудааст, ки дар пайи таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон синни сарнайза муайян карда шуда, он ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бозгардонида супорида шуд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, нигораи мазкурро Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ва ҳайати ҳамроҳонашон - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи  Аҳмади Дониш, Убайдулло Насруллоҳ Каримзода, мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Сайфуллоев Нуриддин Назруллоевич дар як маросим  мудири кулли  муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”, Ҳотам Раҷаби Асозода супориданд.

“Тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2021 бахшида 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб экспозитсияи мукаммали 5 ҳазорсолагии Кӯлоб ташкил ва барои тамошо пешкаш мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Барчаспҳо:
бозёфт, таърих, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ