05:13 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
333020

Лоиҳаи  қонун  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар пурра ҷонибдорӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар Тоҷикистон минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва ё  номи падар дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.

“Ҳамзамон дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза понздаҳ рӯз дароз карда мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки ивази ному насаб дар Тоҷикистон қаблан аз се то шаш моҳро дар бар мегирифт.

Зимни баргузории ҷаласа, Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  мазкур бо мақсади кам намудани муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфтааст, тағйироти пешниҳодшуда ба суръатбахшии бақайдгирии расмии тағйири номҳои шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд

Тибқи иттилои Ашуриён, ивази ному насаб соли 2015 тақрибан 26 ҳазор, 2016 - 29 ҳазор, соли 2017 - 26 ҳазор, соли 2018 - 38 ҳазор, соли 2019 бошад 40,5 ҳазор ва давоми соли ҷорӣ 18 ҳазор шаҳрвандон ному насаби худро иваз кардаанд.

Ёдовар мешавем, баҳори соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. 

Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ унвон шуда буд.

Ба иттилои манбаъ,  минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва  бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд.

Тағйири насаб дар байни сокинони Тоҷикистон сар аз соли 2007 замоне оғоз шуд, ки президенти кишвар нахустин шуда насаби худро тағйир дод. Дар пайи ин иқдом ивази ному насаб дар мансабдорон сар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш бо кормандони илм ва фарҳангиёни кишвар боҳо ин масъаларо зикр карда гуфт, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

Ӯ дар суҳбати ахираш оид ба ин мавзӯъ аз олимон эрод гирифта гуфта буд: “Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

Мавзӯъҳои асосӣ