Воқеият надорад! Вокуниши Кумитаи дин ба гузориши озодиҳои динии вазорати хориҷаи Амрико

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон изҳороти вазири корҳои хориҷии Амрикоро, ки Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои аз лиҳози озодиҳои динӣ боиси нигаронии хосс донистааст, изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Ин нукта дар изҳороти расмии Кумита, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дода шуд, баён шуда, дар идома омадааст, ин ниҳоди масъули умури динии кишвар норозигии худро ба хулосаи ин изҳорот ва гузоришҳои Департаменти давлатии ИМА, ки дар он сатҳи кунунии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон зери суол меравад, розӣ буда наметавонад.

“Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта низ изҳор дошта буд, ки чунин гузоришҳо асоси воқеӣ надошта, сарчашмаи онро матбуоти ғайрирасмӣ ташкил медиҳад ва имрӯз низ қотеона ҳамин мавқеъро баён медорад”, - омадааст дар изҳорот.

Рӯзи гузашта, 8 октябр, Майк Помпео, котиби давлатии Амрико зимни муаррифии гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодиҳои динӣ аз 10 кишвари “поймолкунандаи ҳуқуқи динӣ” ном бурд.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Амрико медонад: Тоҷикистон боз ба феҳрасти поймолкунандагони ҳуқуқи динӣ ворид шуд

Шахсан ӯ аз кишваре ном набурд, аммо бино ба гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико, яке аз онҳо Тоҷикистон ва бақия Туркманистон, Чин, Эрон, Кореяи шимолӣ, Мянма, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эритрея мебошанд.

Тоҷикистон бавижа барои нақзи ҳуқуқи аққалиятҳои динӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Аммо ин бори аввал нест, ки вазорати хориҷии Амрико Тоҷикистонро барои озори намояндагони ақаллиятҳои динӣ танқид мекунад. Дар гузориши соли 2019 – и ин вазорат низ чунин интиқод садо дода буд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, гузоришҳои солонаи Депортаменти давлатии Амрико ва Комиссияи байналмилалӣ оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар мавриди озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тақрибан бетаҳрир ва якранг интишор мешаванд.

“Ҷониби Кумита борҳо дархост намуда буд, то як комиссияи вижа ба Тоҷикистон сафарбар шуда, аз вазъи воқеии фазои динӣ ва бурду бохти кишвари мо дар ин арса ошно гардидаву дар ин замина гузоришҳои воқеӣ таҳия намояд. Зеро агар аз рӯи адолат ва воқеият назар намоем, Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии худ ба як силсила дастовардҳо дар соҳаи дин ноил гардидааст, ки нодида гирифтани ин дастовардҳо ва шомил кардани кишвари мо ба рӯйхати давлатҳое, ки дар онҳо озодиҳои диниву маҳзабӣ комилан нақз мешаванд, камоли беинсофист”, - омадааст дар изҳороти Кумита.

Ба ин манзур, Кумита бо созмону ниҳодҳое, ки вазъи фазои динии кишварҳоро баҳогузорӣ мекунанд, бори дигар изҳори ҳамкорӣ карда, гуфтааст, роҳи расидан ба муваффақият на пешниҳоди гузоришу хулосаҳои яксамтаву ғайривоқеӣ, балки ҳамкорҳои воқеии дуҷониба аст.

Лункин: Озодии динӣ яке аз унсурҳои сиёсати бузурги ИМА дар Осиёи Марказӣ аст

Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон, то нимсолаи аввали соли 2020 дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар 49 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 327 масҷидҳои ҷомеъ, 3609 масҷидҳои панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, як Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона, дар маҷмӯъ 4055 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ситоиши Помпео аз Ӯзбекистон барои озодии динӣ

Барои қиёс дар замони Шӯравӣ дар кишвар ҳамагӣ 17 масҷид расман сабти ном шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0