15:12 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030-ро ба тасвиб расонд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳотро ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ таъйин карда, таъкид намудааст, ки ҳамаи корхонаю идораҳо новобаста ба шакли ҳуқуқию моликият бояд барои татбиқи он саҳмгузор бошанд.

Идораҳо дастур гирифтаанд, ки ҳамасола то 30 январ дар бораи чорабиниҳои анҷомдодаашон барои рушди забони давлатӣ ба Кумитаи забону истилоҳот гузориш диҳанд.

Кумитаи забон муваззаф шудааст, ки ҳамасола то 1 март ба Ҳукумат Тоҷикистон дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи рушди забони давлатӣ ҳисобот диҳад.

Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфт, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда буд, ки пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд.

"Бисёр муҳим аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи қонуну қоида ва меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ сурат гирад, яъне аввал забони модарии худро ба дараҷаи олӣ бояд донист ва сипас дар қиёс бо дастурҳои он ба фарогирии забонҳои хориҷӣ иқдом намуд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуда буд, дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст.

Барчаспҳо:
давлат, барнома, Забони модарӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ