Паёми Раҳмон ба адибон: асарҳои мондагор эҷод кунед

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар шоирону нависандагони кишварро ба навиштани осори мондагор дар рӯҳияи ҳуввияту бедории миллӣ даъват кардааст.

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Ин нукта дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, дар анҷумани 15 – уми Иттифоқи нависандагон аз сӯи муовини сарвазир Матлубахон Сатториён қироат шуд, садо дод.

Хонаи иттифоқи нависандагон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Санаи анҷумани Иттифоқи нависандагон маълум шуд: раиси нав кӣ хоҳад буд?

Раисҷумҳур гуфтааст, аҳли адаб низ чун дигар сокинони сайёра ва кишвар зиндагии пурташвишеро аз сар мегузаронанд, равандҳои таҳоҷуми фарҳанги, паҳншавии бемории коронавирус, ҳимояи асолату арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, тарбияи ахлоқии насли навин дар назди адибони муосир вазифаҳои бештареро мегузорад.

Шоиру нависандагони тоҷик чун чашми бозу дили бедори миллати худ ба воситаи асарҳои сазовори давру замон, дар роҳи тасвири дастовардҳои замони истиқлол ва инсонҳои бунёдкор бояд пеш аз беш саҳми арзанда гузоранд.

Президент гуфтааст, бовар дорам, ки анҷумани шумо бо таҳлили диқиқу софдилона фаъолияти панҷсолаи садорати Иттифоқи нависандагон ва баҳсҳои судманд дар атрофи асарҳоятон барои рушди адабиёти ояндаи миллатамон нақши сазовор мегузорад.

Раисиҷумҳур ҳозириниро шодбош гуфта таъкид кардааст, ки асару навиштаҳои асил аз қадим барои миллати тоҷик азизу муқаддас аст.

“Бештар асарҳои мондагор эҷод кунед ва содиқона дар хизмати миллату давлати худ бошед”,-таъкид кардааст, президент.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки  дар оянда эҷоди асарҳое, ки тақвияти ҳувияту худшиносӣ ва таҳкими суботи кишвар мусоидат мекунанд, бештар вусъат мебахшед.

Анҷумани понздаҳуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 202 нафар аъзо ва дигар меҳмонон ҷараён дорад.

Лентаи хабарҳо
0