20:11 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
458 0 0

Низом Қосим, шоири шинохтаи тоҷик дигарбораи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Маросими баргузории интихоботи раиси нав дар анҷумани 15 - уми Иттифоқи нависандагон (ИНТ) доир гашт.

Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикстон бо аксарияти оро ва раъйдиҳии ошкор Низом Қосим дигарбора рабар интихоб шуд.

Номбурда дар Анҷумани 14 – уми Иттифоқи нависандагон, ки 29 – 30 июни соли 2015 барпо шуда буд, раҳбари ин ниҳод интихоб шуд.

Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 15 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меояд.

Паёми Раҳмон ба адибон: асарҳои мондагор эҷод кунед

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад. Дар гузашта бархе расонаҳо нав шудани раиси ИНТ – ро пешбинӣ карда буданд. Аммо тибқи оинномаи ин ниҳод, як нафар ҳақ дорад ду маротиба раис интихоб шавад.

Барчаспҳо:
интихобот, Низом Қосим, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ