01:49 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Тими мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар нахустин рақобати дӯстона аз ҳамтоёни эронияшон шикаст хурданд

ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Бозии мунтахаби дастаҳо имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гашта, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чор голи чониби Эронро  Алиакбар Ранҷбар, Бежан Нишонбойзода, Муҳаммадризо Кушки ва Ядегар Рустами ба ҳадаф расониданд

Ягона голи ҷониби Тоҷикистонро Амир Иброҳимзода ба ҳадаф расонидааст.

Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 26 декабр доир мегардад.

Рақобатҳои тимҳои ҷавонони кишварҳо бошад рӯзҳои 24 ва 27-ум доир мегардад.

Гуфта мешавад, бозии яккачинҳо барои омодагӣ ба рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии Ҷоми ҷаҳониро дорад, сурат мегирад.Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Эрон аз ин қабил буд:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Шаҳобиддин Маҳмудзода (ҳарду аз “Локомотив-Помир”), Суҳробхуҷа Юсупов (“Хуҷанд”);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, Қурбоналӣ Муродов, Нурсултон Норбойзода (ҳама аз “Локомотив-Помир”);

Таҳрири Оиннома: аз дастури Рустами Эмомалӣ то шомилшавии Саидзодаю дигарон ба раёсати ФФТ

Нимҳимоятгарон: Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Бежан Нишонбойзода, Меҳрубон Каримов (ҳама аз "Локомотив-Помир"), Кароматулло Боронов (Академияи футболи ФФТ), Амирҷони Фаррухзод (“Равшан”), Азизбек Далиев (“Регар-ТадАЗ”), Абдулло Шарипов (МҶМОВ);

Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Суннатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода (зама аз “Локомотив-Помир”).

Мавзӯъҳои асосӣ