00:11 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1007 0 0

Баҳси Робияи Холмирзо, шоираи тоҷик бо Фаридуни Хуршед, овозхони маъруф барои ҳаққи муаллифӣ ба Соли нав рафт

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Робияи Холмирзо, сардабири нашрияи “Анбоз” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳама баҳсу даъворо дар ҳоли ҳозир мавқуф гузошта, тасмим гирифтем, ки пас аз ҷашни Соли нав ба маслиҳат нишинем.

“Танҳо тасмиме, ки то ба ҳол гирифтам, ин аст, ки корро ба суду судбозӣ накашам. Аз навиштани ариза ба УБОП (Раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) низ худдорӣ кардам. Бо продюссери Фаридуни Хуршед маслиҳат кардем, ки пас аз Соли нав сари як миз нишаста, баҳсро ба анҷом расонем”, - гуфт Робияи Холмирзо.

Қаблан мавсуф тариқи расонаҳо эълон дошта буд, ки Фаридуни Хуршед, овозхони маъруфи тоҷик, як шеъри ӯро хонда, дар намоҳанг (клип) – и он номи муаллифи дигарро сабт кардааст, ки мантиқан, сирқати адабӣ ба шумор меравад ва тибқи қонунгузорӣ, муҷозот дорад.

Шоира аз овозхон талаб кард, ки расман тариқи расонаҳо узр хоҳад, матни муаррифии намоҳангро тағйир диҳад ва ҳам барои шеъраш ба андозаи 200 доллар ҳаққи қалам пардозад.

Дар ҳамин ҳол, Диловари Мизроб, продюссери Фаридуни Хуршед, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, иштибоҳе, ки рух додааст, техникӣ буда, ӯ аз Робияи Холмирзо узр пурсидааст.

“Иштибоҳ дар ин буд, ки дар намоҳанг номи муаллифи матн Раҷ Аҳмад (Раҷабалӣ Аҳмадов) зикр шудааст. Мавсуф нақароти таронаро навиштааст ва авҷҳои тарона аз шеъри хонум Робия гирифта шудаанд. Ин ҷо Фаридун ҳеҷ айбе надорад. Раҷ Аҳмад ҳам. Иштибоҳи шахсан ман буд, ки ислоҳшаванда аст. Мо бо муаллима суҳбат кардем ва пас аз Соли нав маслиҳатамонро хоҳем кард. Дигар ҳеҷ чӣ гуфта наметавонам”, - гуфт Диловари Мизроб. 

Фурӯкаш шудани баҳси шоираву овозхон дар ҳолест, ки қаблан низ чунин маворид дар мусиқии Тоҷикистон ба назар мерасиданд. Яке аз ин даъвоҳо ба овозхони марҳум Баҳром Ғафурӣ рабт дошт, ки овозхони афғонистонӣ Валии Ҳиҷозиро барои дуздии ду оҳангаш - “Дар ин замона” ва “Ҳамсоя бало” муттаҳам карда буд.

Аммо ин даъво дар қатори дигар мавориде буд, ки маъмулан ҳадди аксар дар чаҳорчӯби расонаҳо буруз мекунанд, аммо ба суд намераванд. Дар моддаи 40 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: "Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст". Тибқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он", ҳаққи қалам яке аз шартҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ҳисобида мешавад. Аммо баҳси миёни Робияи Холмирзо ва Фаридуни Хуршед бо чӣ хоҳад анҷомид, суол вақт аст.

Барчаспҳо:
таваллуд, Соли нав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ