07:57 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Дар шаҳри Турсунзода бо ташаббуси Русия ва Тоҷикистон нахустин маркази фарҳангӣ ва маърифатии Русия кушода шуд

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода нахустин маркази фарҳангӣ-маърифатии Русия барои ҳамватанон бо номи "Созидание" ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон.

Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане
© Sputnik / Амир Исаев
Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане

Лоиҳа аз ҷониби созмони ҷамъиятии "Русская община" бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Душанбе ва епархияҳои Калисои Православии Русия, намояндагии Россотрудничество, Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва маъмурияти шаҳри Турсунзода ташкил карда шудааст.

Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане
© Sputnik / Амир Исаев
Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане

Гузашта аз ин, дар ташкил намудани маркази мазкур ходимони ҷамъиятӣ ва соҳибкорон низ саҳмгузорӣ кардаанд.

Дар маросими ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ - маърифатӣ, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин - Фролов низ иштирок намудааст. Ӯ дар ташкил намудани чунин марказ ба ҳамаи масъулони он изҳори миннатдорӣ намуд.

"Муносибатҳои дуҷонибаи мо (Русия ва Тоҷикистон) ҳоло дар ҳоли афзоиш аст, тамосҳо дар ҳама соҳаҳо фаъолона рушд мекунанд. Маркази ҷадид ба рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки ҳамдигарӣ мусоидат хоҳад кард",  изҳор дошт сафири рус.

Дар чорабинӣ вазири саноати Тоҷикистон Кабир Шералӣ, роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони ширкатҳо ва маъмурияти шаҳр иштирок намуданд.

Ин марказ ба баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас, ҷамъияти русҳои шаҳр ва инчунин аҳолии шаҳри Турсунзода кӯмак хоҳад кард.

Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане
© Sputnik / Амир Исаев
Первый Русский культурно-просветительский центр соотечественников открылся в Таджикистане

Дар маркази мазкур омӯзиши забони русӣ барои довталабон, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, омӯзонда мешавад. Дар ояндаи наздик кушодани маркази таълимию методии забон ва адабиёти рус, студияҳои мусиқӣ ва рассомӣ, маҳфили математикӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ - маърифатӣ толибилмон ва ҷавонони шаҳри Турсунзода барномаи консертиро ниҳшон доданд.

Барчаспҳо:
Русия, Тоҷикистон, ифтитоҳ, фарҳанг, марказ

Мавзӯъҳои асосӣ