16:19 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
4449 0 0

Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхони шинохтаи Тоҷикистон, ки соли гузашта эълон кард, саҳнаро тарк мекунад, имрӯз дунёро падруд гуфтааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Қурбоналӣ Абдуллоев, чанд моҳ пеш ба бемории ҳамагири "коронавирус" гирифтор шуда буд хабар додааст сомонаи "Оила". Ӯ дар синни 57-солагӣ ҷон дод.

"Сад афсус, ки ин вабо дар охир риштаи умри ин шахсияти наҷиб ва нотакрорро барканд", - навиштааст манбаъ.

Қурбоналӣ Абдуллоев, моҳи майи соли гузашта эълон кард, ки ба фаъолияти овозхонияш хотима мебахшад, аммо овозхон сабаби чунин тасмимашро шарҳ надода буд.

“Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисёр узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи мағфират маро мебахшед. Боқӣ Аллоҳ нигоҳбонатон, ОМИН” - навишта буд овозхон.

Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.

Беш аз сӣ сари сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар  ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.

Бар асоси Донишномаи озод, Қурбоналӣ Абдуллоев соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1987 хатм намуда буд. 

Мавзӯъҳои асосӣ