Тоҷикӣ: нашри намоҳанги нави Зулайхо бо овозхони ӯзбек Озода Нурсаидова - видео

© Youtube / Ozoda OfficialСкриншот из клипа таджикской певицы Зулайхо Махмадшоева и узбекской звезды Озода Нурсаидова
Скриншот из клипа таджикской певицы Зулайхо Махмадшоева и узбекской звезды Озода Нурсаидова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони попи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва сарояндаи номии ӯзбекистонӣ Озода Нурсаидова таронаи тозаеро ҳамсароӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони номии тоҷик чанде пеш аз сабти як намоҳанги муштарак бо овозхони машҳури ӯзбекистонӣ Озода Нурсаидова хабар дода, афзуда буд, он 14 январ пешниҳоди мухлисон мегардад.

Таронаи ҳамсароии ситораҳо "Лейлӣ" ном дошта, ҳамагӣ дар се рӯз онро дар шабакаи Ютуб, дар канали Зулайхо Маҳмадшоева бештар аз 114 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Намоҳангро дар саҳифаи Озода Нурсаидова бошад, 140 ҳазор бор тамошо кардаву 4 ҳазору 800 нафар тугмаи "лайк"-ро пахш кардаанд.

Тавре Зулайхо Маҳмадшоева хабар додааст, шеъри тарона ба Ризо Рад таллуқ дорад ва оҳанги онро худи Озода Нурсаидова навиштааст.

Таҷрибаи ҳамсароии овозхонҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ солҳои ахир байни ҳунармандони ду кишвар "мӯд" шудааст.

Пештар Шабнами Сурайё бо Юлдуз Усмонова ва Ҷонибек Муродов бо Юлдуз Турдиева ҳамсароӣ карда буданд.

Шабнами Сурайё бо писари Шералӣ Ҷӯраев, Зоҳиршоҳ Ҷӯраев таронаеро суруда буд.

Ҳамчунин Ҷонибек Муродов бо овозхони ӯзбек Сардор Раҳимхон таронаеро бо номи "Дӯстон" иҷро карда буд, ки хело шӯҳратёб гардид.

Ҷолибаш ин аст, ки қариб ҳамаи таронаҳое, ки сарояндагони ду давлат иҷро карданд, бо забони тоҷикӣ суруда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0