"Тоҷикони дунё": лоиҳаи нави ҷолиб дар телевизиони давлатӣ дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевСемья смотрит телевизор, архивное фото
Семья смотрит телевизор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дод, ки барои ҷолиб шудани барномаҳои телевизиони давлатӣ ва муаррифии тоҷикистониён барномаи тозаеро пешниҳоди бинандагон гардонад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре Фатҳиддини Замон, муҷрии телевизиони "Тоҷикистон" ва муаллифи барномаи нави "Тоҷикони дунё" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин барнома, ки ҳадафаш муаррифии тоҷикистониёни дунёст, аллакай дар се кишвари дунё ба навор гирифта шуд ва ба назикӣ рӯи экран хоҳад омад.

Ба қавли муаллифи барнома, он дар кишварҳое, ба навор гирифта мешавад, ки дар онҳо  ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён, шаҳрвандони муқим, диаспораҳои тоҷикон ва омӯзгорону олимону соҳибкорон ба сар баранд.

Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

"Тоҷикони дунё" ба ҳайси "Андешаи Миллӣ" барои ҳар як тоҷик новобаста дар кадом нуқтаи ҷаҳон буданаш, бояд хидмат кунад. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки фарзандони миллати пароканда,  Тоҷикистонро ҳамчун хонаи умед эътироф, муаррифӣ ва муҳофизат намуда, онро дар газанди ояндаи олам ва ҷангҳои иттилоотиву ҷангҳои геополитикии пинҳонмондаи минтақа муҳофизат намоянд", -  мегӯяд муаллифи барнома.

То ҳол 3 қисм аз ин барнома дар хориҷи кишвар ба хусус Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар сабт гардид, ки тоҷикони муқими ин кишварҳо иштирок намуданд.

"Дар ояндаи наздик бо боз шудани марзҳо аз таҳдиди COVID 19 нақша дорем оид ба тоҷикони Руссияву Амрико ва Аврупову Африқо барнома таҳия созем", - меафзояд Фатҳиддини Замон.

Ин лоиҳа бо чунин шаклу услуб бори нахуст дар телевизиони "Тоҷикистон" аст. Дар назар ҳаст баъзе аз барномаҳои "Тоҷикони Дунё" дар дохил ва хориҷи кишвар ба тариқи онлайн сурат гирад.

Лентаи хабарҳо
0