10:25 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
57610

Пояи 121-метрие, ки рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" унвон мешавад, дар маркази шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати чинӣ сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ба суол дар мавриди он, ки маҷмааи Боғи Истиқлол дар Душанбе аз ҷониби кӣ ва бо кадом маблағ бунёд мешавад, посух дод.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маҷмааи Боғи Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ҳукумати шаҳри Душанбе сохта мешавад. Ӯ афзуд, ки маҷмаа бар асоси 6 лот бунёд мегардад ва маблағи умумияш то ҳол ҳам муайян нест.

Ба иттилои Зувайдзода, худи поя ё худ стелларо чиниҳо месозанд ва лотҳои боқимонда аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки масоҳати маҷмааи Боғи Истиқлол наздики 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - хабар дода буд котиботи раисҷумҳур.

Ба иттилои манбаъ, баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Ин маҷмаа аз муҳимтарин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки гуфта мешуд, бояд соли 2021 мавриди истифода қарор гирад.

Барчаспҳо:
меъмориҳои шарқиёна, сохтмон, боғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ