12:23 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
436 0 0

Раиси вилояти Хатлони ва Вазири меҳнат дар шаҳри Левакант аз Омӯзишгоҳи касбию техникӣ дидан карданд, ки он ҷо солҳои 60 - ум Эмомалӣ Раҳмон таҳсил мекард

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Интизори меравад, як осорхонаи дигари кишвардори Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қомат афрозад, хабар медиҳад котиботи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, чанде пеш аз ин омӯзишгоҳ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода дидан намуданд.

Гуфта мешавад, дар Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии рақами 40, ки дар шаҳри Калининобод (имрӯза Литсейи касбӣ - саноатии кимёвии шаҳри Левакант) Эмомалӣ Раҳмон авохири солҳои 60 - ум таҳсил карда буд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳор доштаст, ки осорхонаи Пешвои миллат мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри XX бо кандакорию гаҷкорӣ бунёд шуда, аёнияти дарсии онвақта бояд ҷамъоварӣ шаванд.

Раиси вилоят ба масъулин дастур додааст, ки аз ҳама имконияти мавҷуда истифода намуда, осорхонаро дар муҳлати муайян ба истифода диҳанд.

Раҳмон осорхонаи Пешвои миллатро кушод: намоиши миз, иншо ва дафтарчаи имтиҳоноташ

Манбаъ меафзояд, Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфтааст.

Ҳоло литсей аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати беш аз 5 гектар ҷой гирифтааст.

Шумораи касбомӯзон дар литсейи мазкур 344 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз рӯйи 10 ихтисос дар ин омӯзишгоҳ таълим мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллат ифтитоҳ ёфта буд.

Барчаспҳо:
Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон, осорхона

Мавзӯъҳои асосӣ