04:45 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
126210

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки мухолифи пахши филмҳои туркӣ тавассути телевизион аст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон  афзуд, ки кишварҳои абарқудрат тавасути филмҳову китобҳо, фарҳангӣ худро ба кишварҳои хурд "экспансия" мекунанд.

"Назари ман ин аст, ки дар замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ кишварҳои абарқудрат бо ҳар роҳ  фарҳанг, тарзи ҳаёту ҳаводиси таърихии худро, ки ба манфиати таъриху фарҳанги маданияти халқҳои майда нест "экспансия" мекунанд", - гуфт Нуруддин Саид.  

Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад

Вай инчунин зикр кард, ки мухолифи пахши филмҳои туркӣ тавассути телевизиони Тоҷикистон аст.

"Ин кишварҳо бо воситаи филму китоб фарҳанги худро экспансия мекунанд. Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон муқобили ин чизҳо ҳастам", - гуфт раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Нуриддин Саид қайд кард, ки Тоҷикистон бояд филмҳои таърихии худ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангии худро намоиш диҳад.

"Мо бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ маҳз бо арзишҳои миллӣ, филмҳои худамонро таҳия кунем", - гуфт раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
намоиш, мухолиф, мухолифин, туркӣ, филм, Нуриддин Саид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ