Вазорати фарҳанг гуфт, китобҳои Ҳошим Гадоро ба маблағи 16 000 сомонӣ хариданд

© SputnikХошим Гадо. Архивное фото
Хошим Гадо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Зулфия Давлатзода мегӯяд, аз ҳоли коргардон ва ҳунарманди хушноми театру синамои тоҷик Ҳошим Гадо бохабар аст
ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik.  Вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, бо ҳунарманди машҳури театру синамо Ҳошим Гадо худаш як сӯҳбати хоса анҷом дода буд ва аз тамоми мушкилу дархостҳои ӯ бевосита огоҳ аст.
Зулфия Давлатзода мегӯяд, вазорати фарҳанг нисбати Ҳошим Гадо ва чеҳраҳои шинохтаи кишвар бетафовут нест ва кӯшиш мекунанд, то ба мушкилоту дарди онҳо бархӯрд кунад.
Ба изҳори вазири тоҷик, ҳоло Вазорати фарҳанг ҳудуди 600 китоби Ҳошим Гадоро харидорӣ намудааст.
"Китобҳои Ҳошим Гадоро ба маблағи зиёда аз 16 000 сомонӣ харид кардем", - тавзеҳ дод Давлатзода.
Зимнан, вазири фарҳанг гуфт, ки феълан масъалаи рӯи саҳна овардани спектаклҳои ин ҳунарманд мавриди баррасии масъулон қарор дорад.
Ҳунармандии номии тоҷик Ҳошим Гадо, борҳо аз камтаваҷҷӯҳии мансабдорон нисбати худ шикоят мекард. Ҳунарманд ба такрор аз таъмирталаб будани манзили зист, басанда набудани нафақа, нарасидани маблағ барои чопи асарҳои тозаэҷод ва дигар мушкилиҳояш арзу дод мекард.
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Ҳатто як замон, ин ҳунарманди номӣ дар кӯчаву роҳҳо ба фурӯхтани китобҳои худ машғул буд.
Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1960 Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии коргардонии ин институтро хатм кардааст.
Нақшҳои Сӯҳроб, Фердинанд, Ҳамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигарон ба ӯ шӯҳрати зиёд овардааст. Дар театр "Эдип" - и Софокл ва "Рӯдакӣ" – и Сотим Улуғзодаро ба саҳна гузоштааст.
"Аҳволаш хуб нест": Ҳошим Гадо аз "вируси корона" бистарӣ шудааст
Дар беш аз 50 филми тоҷикиву хориҷӣ, назири “Набарди се шоҳ” (1990), “Ритсарҳои кӯли сиёҳ” (1983), “Рустам ва Сӯҳроб” (1971) , “Ситораи Улуғбек” (1964) ва ғайра нақш бозидааст.
Ҳошим Гадо пурунвонтарин ҳунарпешаи тоҷик аст. Танҳо нафарест, ки дар замони Шӯравӣ ҳам унвони Ҳунарпешаи мардумии СССР ва ҳам барандаи Ҷоизаи давлатии СССР – ро гирифтааст (1987).
Ӯ ҳамзамон Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973) ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017) аст.
Лентаи хабарҳо
0